Войти

Фируза Хафизова - Чашмак

07:30 0 b 25.06.2016, 16:54
 

Нигора Холова



Caliban



Анисаи Азиз



One Direction



Slim



Michael Jackson



David Guetta

Elvira T

Sak Noel
Клипы
Станьте первым, кто порекомендует это.


Дар Душанбе рӯзи 5 марти соли 2016 маросими супурдани ҷоизаҳо барои пуртамошобинтарин овозхонҳои тоҷик таҳти унвони "Tamoshow Music Awards" баргузор шуд. Дар ин маросим овозхонҳо Нигина Амонқулова («Ёри мусофир»), Ҷӯрабек Муродов, Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин ("Тоҷику форсу дарӣ"), Фарзонаи Хуршед ("Ёри ниқобӣ", "Очаҷон"), Зулайхо ("Ҷӯра"), Меҳрнигори Рустам ("Ҷаннати ишқ", "Куҷоӣ") ва дигарҳо баранда эълон шуданд.

Гурӯҳи мусиқии «Авесто» ва овозхон Шабнами Сурайё барои саҳми худ дар «Рушди санъати тоҷик» бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуданд. Ҷоизае, ки рӯзи шанбе тақдим шуд, дуюмин маросими "Tamoshow Music Awards" буд, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси ширкати продюсерии "Топ Медиа" тақдим мешавад.

Имсол ҷоиза боз ба чанд исми нав дар ҳунари попи тоҷик ҳам тақдим шуд. Аз ҷумла, Раҳмия Аюбӣ ("Ишқи рафта", "Гумон кардам"), Шаҳриёр Давлатов ("Моҳира", "Биё"), S.O.R. ("Барои чӣ?"), M.One & Madi ("Вместе"), Алишер Ибодуллоев ("Мавригӣ") дар миёни ҷоизадорони ин маросим қадрдонӣ шуданд. Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати ширкати "Топ Медиа" – муассиси ин ҷоиза мегӯяд, исми ғолибон аз рӯи рейтинги пуртамошобинтарин клипҳои мусиқии овозхонҳои попи Тоҷикистон дар соли 2015 дар шабакаи YouTube (Ютюб): www.youtube.com/tamoshow муайян шудааст.

Ин мукофот ба хотири қадрдонии заҳматҳои овозхонҳои тоҷик ва ҳам пуштибонӣ аз истеъдодҳои миллӣ супурда мешавад. Соли 2015 овозхонҳои мисли Нигина Амонқулова, Меҳрнигори Рустам, Ҷонибек Муродов, Фарзонаи Хуршед ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.
Другие клипы артиста
Похожие клипы
Комментарии (0)

Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии.